Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

17.05.2022 15:22

16 майи 2022 дар Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шарҳи муфассал тақдим гардид.  Абдурраҳмон Ар-Рассӣ таъкид намуд, ки ҳайати Арабистони Саудӣ дар ин ҳамоиши байналмилалии муҳим дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байнлмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

17.05.2022.15.30.jpeg


 

Нигористон

Тақвим