12 майи соли ҷорӣ дар бинои Намояндагии СММ дар Туркия брифинг дар мавзӯи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Дар он Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Туркия Алваро Родригес, сардори раёсати муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва обҳои фаромарзии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия доктор Аднан Алтай Алтинорс, сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал Шуле Озге Имомағлу, мудири шуъбаи Вазорати муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағирёбии иқлим Эсра Инҷ, муовини раиси Институти оби Туркия Туғба Эврим Маден, Намояндагони ниҳодҳои СММ дар Анкара ба таври ҳузурӣ ва зиёда аз 160 намояндагии дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагии созмонҳои байналмилалии муқими Туркия тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Брифинг бо суханҳои ифтитоҳии Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Туркия Алваро Родригес, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ва сардори раёсати муҳити зист, тағирёбии иқлим ва обҳои фаромарзии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия доктор Аднан Алтай Алтинорс оғоз ёфт.
Зимни суханронии худ Сафир доир ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Душанбе 6-9 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, Сафир қайд намуд, ки ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми апрели соли 2015 дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамовозии беш аз 190 давлати ҷаҳон бо Қатъномаи махсус қабул шудааст. Тибқи Қатъномаи мазкур Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар рӯзи байналмилалии захираҳои обӣ, яъне 22-юми марти соли 2018 оғоз гардида, то 22-юми марти соли 2028 давом хоҳад кард.
Зимни брифинг намояндаи сафорат ба ҳозирин муҳтавои баргузории Конфронси зикршударо шарҳ дода, раванди омодагӣ ба он, барнома, консепсия ва дигар маълумоти дахлдори чорабиниро муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, иштирокчиён паҳлуҳои гуногуни масоили обу иқлимро муҳокима карда, вобаста ба нақши он Конфронс дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи дуюми об суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом мусоҳибаи Сафир бо ВАО-и кишвари иқомат оид ба ташаббусҳои байналмилалии обии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, доир шуд.