Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон

20.05.2022 16:03

Аз 16 то 20 майи соли 2022 дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Дар поёни нишаст протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Нигористон

Тақвим