19 майи 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт доктор Исо ал-Ансорӣ доир гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ, доираҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар мулоқот инчунин бар зарурати баргузории чорабиниҳои бештари фарҳангӣ ҷиҳати огоҳии мардумони ҳарду кишвар аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқҳои якдигар таъкид шуд.