31 майи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи ИМА оид ба Афғонистон Томас Вэстро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳо барои таҳкими марзҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон қайд карданд.