Мулоқоти Сафир бо Ректори Донишгоҳи Анкара

10.06.2022 11:35

8-уми июни соли 2022 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Ректори Донишгоҳи Анкара профессор, доктор Неҷдет Унувар баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаи мазкур, алалхсус вазъи таҳсил ва шароити зисти онҳо, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, мубодилаи афкор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи Анкара дар заминаи мактаби ветеринарӣ (1842 с.) ва факултети илмҳои сиёсӣ соли 1859 таъсис гардидааст. Баъдан дар он факултетҳои ҳуқуқшиносӣ соли 1925, забонҳо ва таъриху ҷуғрофия соли 1935 ифтитоҳ карда шудааст. Имрӯз Донишгоҳи Анкара бо 19 факултет, 14 институт, 12 техникум, 1 консерваторияи давлатӣ, 44 маркази тадқиқотӣ, 1 колеҷи забонҳои хориҷӣ ва 4 000 муаллиму 70 000 донишҷӯ фаъолият менамояд. Дар маҷмӯъ донишгоҳ аз 36 шаҳраки донишҷӯи (кампус) дар шаҳрҳои мухталифи Туркия иборат аст.

Нигористон

Тақвим