Муовини вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Бразилияро қабул кард

14.06.2022 13:29

13 июни соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Олинто Виейро қабул кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Бразилия ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Бразилияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

 

Нигористон

Тақвим