Мулоқоти Сафир бо Ваколатдори вижаи Ҳукумати федеролӣ дар умури Афғонистон ва Покистон

16.06.2022 11:55

15 июни соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Ваколатдори вижаи Ҳукумати Федеролии Олмон дар умури Афғонистон ва Покистон,  Ваколатдор оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва сиёсати Ҳинду Уқёнуси Ороми Вазорати Федеролии корҳои хориҷии Олмон Яспер Вик мулоқот анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо перомуни масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

15,06,2022,11,54.jpg

 

Нигористон

Тақвим