16 июни соли 2022 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон хонум Рика Ишии, баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ карда шуд.
Дар вохурӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.