Мулоқот бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Австрия

01.07.2022 10:46

30 июни соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Дабири кулли вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Питер Лански-Тиффентал баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои муҳимми рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд  мубодилаи афкор намуда, ба густариши ҳамкорҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла саҳми ду кишвар дар татбиқи бандҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Тарафайн ҳамчунин омодагиро ҷиҳати идомаи тамосҳо ва машваратҳои муфид роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар сатҳҳои дуҷониба ва минтақавӣ иброз намуданд.

01,07,2022,10,46.jpg

 

Нигористон

Тақвим