20 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Ота Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳифз ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ намуда перомуни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи хоса ба масоили амниятӣ дар заминаи вазъи кунунии Афғонистон равона гардид.
Дар рафти вохӯрӣ вазирон лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ҳамоҳанг намуданд.
Қабл аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷиро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Н.Жапаров ба ҳузур пазируфт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan