Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

25.07.2022 08:22

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар татбиқи нақшаҳои мавриди ҳадаф қароргирифтааш комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Узбекистон дар роҳи рушди устувор дастовардҳои навин хостанд.

Зимни суҳбат Президентҳо бо таъкиди аҳаммияти ба таври фаъол амалӣ гардонидани мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон моҳи июни соли равон бадастомада масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ  ва саммити дарпешистодаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

http://president.tj/node/28783

Нигористон

Тақвим