Ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи “Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Батумӣ

04.08.2022 13:48

3 августи соли 2022 дар шаҳри Батумии Гурҷистон бо ташабусси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва бо дастгирии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумӣ ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи “Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки доираи соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷии ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Гурҷистон баргузор гардид.

Дар суханронии ифтитоҳӣ, Сафир аҳамияти чорабиниро дар рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ намуд.

Ба ҳамаи иштирокчиён оид ба имкониятҳои фаррохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт, ки барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд ба таври муфассал маълумот дода шуд.

Ҳамзамон Сафир ба иштирокчиён роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан оғози татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маълумот дода, таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, ки он барои ҷалби сармояи хориҷӣ марҳилаи нав мебошад ва аз онҳо даъват намуд, дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ, дар ин раванд саҳмгузор бошанд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan

04.08.2022.13.52.jpg

 

Нигористон

Тақвим