Ифтитоҳи ботантанаи Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Батуми

08.08.2022 15:42

5 августи соли 2022 дар шаҳри Батумии Гурҷистон бахшида ба 28-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Тенгиз Коколадзе баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар суханронии табрикотии худ назди ҳозирин қайд кард, ки ифтитоҳи Консулгарии фахриро ба муносибати 28-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон, рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зикр намуд ки ин шаҳодати сатҳи баланди равобити байни ду кишвар аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва робитаҳои гуманитарӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батумӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳои байни ду давлат мебошад. Ӯ изҳор намуд, ки ин ниҳод ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

Дар маросими ифтитоҳи расмии он ҳамчунин Вазири молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Ҷаба Пхуткарадзе, шаҳрдори Батуми Арчил Чиковани ва муовини ӯ, Раиси Шӯрои маҳаллӣ Сулико Тебидзе, консулҳои генералии Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Украина, Арманистон, консулҳои фахрии Қазоқистон ва Австрия, вакилони парлумони Гурҷистон Анзор Болквадзе, Тите Арошидзе ва Ресан Конселидзе, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Нигористон

Тақвим