Консули генералӣ ба шаҳри Омск сафар кард

09.08.2022 14:58

Рӯзҳои 4-6 августи соли 2022 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим ба шаҳри Омск баргузор гардид.

Ҳадафи сафари мазкур - иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили Рӯзи шаҳр, анҷом додани мулоқот бо масъулини вилояти Омск, донишҷӯёни аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои олии таълимии шаҳр таҳсилкунанда, фаъолони диаспораи тоҷик ва мухоҷирони мехнатӣ буд.

Дар доираи ин сафар Консули генералӣ дар «Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Омск бо раҳбарияти ин марказ мулоқот намуда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардуми вилояти Омск дидан кард. Бо шиносоӣ аз ашёҳои ифодакунандаи фарҳангу зиндагии мардуми тоҷик, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик ин гӯшаро боз ҳам васеътар карда, дар он ашёи гулдӯзии дастӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Пас аз мулоқот бо роҳбарияти Хонаи дӯстӣ Консули генералӣ бо фаъолони диаспораи тоҷикон мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ Консули генералӣ аз ҳамаи ҳозирин ҷиҳати саҳмгузор будан дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба суннат ва фарҳанги ниёгон, кумаки саривақтӣ дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин татбиқи фаъолонаи ташаббусҳое, ки ба таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо ва амалинамоии фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ, дар байни ҷавонон даъват ба амал овард.

5 август мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми раиси ҳукумати вилояти Омск Ушаков Дмитрий баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Омск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки кишварҳо барои рушди ҳамкориҳо иқтидори бузург ва имкониятҳои васеъ доранд. Дар ин замина, консули генералӣ омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.

Таваҷҷуҳи хоса ба танзими сафари ҳайати вилояти Омск таҳти роҳбарии раиси вилоят ба Тоҷикистон ва имзои созишномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон зоҳир гардид.

Ҳамчунин рӯзи 5 август мулоқоти Консули генералӣ бо иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии техникии Омск Дмитрий Маевский ва донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим, шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик матраҳ шуд. Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён Консули генералӣ аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амал намуда, дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла дар чорабиниҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.

Ҳамчунин, Консули генералии Тоҷикистон дар чорабинии идона бахшида ба таҷлили Рӯзи шаҳри Омск ширкат дошт.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони шаҳрҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои Россия ва намояндагони муассисаҳои дипломатӣ дар минтақа ширкат доштанд.

Нигористон

Тақвим