Мулоқот бо муовини Сарвазир - Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон

09.08.2022 15:33

8 августи соли 2022 дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо Муовини Сарвазир – вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯъи баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод, ки соли ҷорӣ дар Тифлис ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ карданд. Таъкид шуд, ки ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеъаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатся, аз ҷумла алоқаи ҳавои матраҳ шуданд.

09.08.2022.15.31.jpeg

 

Нигористон

Тақвим