Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ироқ

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ  30 ноябри 1995 барқарор шудаанд.  Ироқ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт.

19 октябри 2018 Зубайдулло Зубайдзода Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ таъйин гардид.

Дар Симпозиуми байналмилалии таҳти унвони «Мероси Абӯҳанифа ва аҳаммияти он дар муколамаи тамаддунҳо» (октябри 2009) Аҳмад Ҳасанат-Тоҳа Имоми масҷиди ҷомеъи Имоми Аъзами Бағдод иштирок кард.

Дар чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, аз ҷумла ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ (Душанбе, 18-20 майи2010), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об бароиҳаёт», 2005-2015 (Душанбе, 7-10 июни 2010), Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (15-16 октябри2017) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе,3-4 майи 2018)намояндагони мақомоти марбутаи Ироқ иштирок намудаанд.

Бо дастгирии бевоситаи роҳбарони ду кишвар 30 апрели соли 2019, 84 тифли тоҷик тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе интиқол дода шуданд.

01.08.2019

Нигористон

Тақвим