Муносибатҳои Тоҷикистон бо Миср
Миср истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1 январи соли 1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср 1 апрели соли 1993 барқарор шудаанд.
Аз 31 августи соли 2020 ба ин сӯй сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ аст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва Назиҳ Наҷҷорӣ мебошад.
Нахустин вохӯрии сатҳи олӣ миёни сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Ҳуснӣ Муборак декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин ҳамоиши Сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Дорулбайзои Шоҳигарии Марокаш доир гардид.
Сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ба Миср моҳи феврали 2007, 9-11 марти соли 2022 ва сафари корӣ барои иштирок дар 27-умин конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP27) 7-8 ноябри соли 2022 баргузор гардиданд, ки дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар нақши муҳим бозиданд.
Илова бар ин, соли 2017 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ду мулоқоти судманд баргузор гардид: яке 20 май дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои арабию мусулмонӣ бо ИМА ва дигаре 5 сентябр дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС.
Муносибатҳои дуҷонибаро 19 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба танзим медарорад.
3 октябри соли 2019 дар Қоҳира даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Миср баргузор шуд.
Соли 2007 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Миср Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмии миёни ду кишвар таъсис дода шуд. Нишасти якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ 23-27 январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе доир гардид.
27-28 ноябри соли 2019 дар Қоҳира нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид. Дар поёни ҳамоиш Протоколи нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба имзо расид.
Миёни Тоҷикистон ва Миср самтҳои зиёди афзалиятноки ҳамкорӣ вуҷуд доранд. Ду кишвар дар заминаи муносибатҳои неки мутақобила дар бисёр масоили ҷаҳонию минтақавӣ мавқеъҳои ҳамсон ва ё наздик дошта, ҳамдигарро пайваста дастгирӣ менамоянд.
Ноябр, 2023