24 августи соли 2022 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко доир гардид.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунунии ҳамкориҳои ду кишвар, масоили марбут ба рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Миёни ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan