Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин 6 марти 1992 барқарор шуданд.
Давлати Фаластин нахуст Сафири ғайримуқими худ дар Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) 5 марти 2014 таъйин намуд.
Соли 2020 Сафорати Давлати Фаластин дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Аз 18 феврали соли 2021 Сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон ҷаноби Луай Исо мебошад.
Робитаҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин ҳанӯз дар даврони шӯравӣ барқарор буданд. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳии мардуми Фаластин аст.
Ду даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаластин (29 марти 2017 ва 23 - 24 апрели 2018) баргузор гардидаанд.
Айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо лоиҳаҳои 7 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор дорад.
Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин (26 июли 2018) ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода (27 июли 2018) мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ҳайатҳои Фаластин дар сатҳи баланд иштирок менамоянд. Аз ҷумла, дар кори Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (Душанбе, 14-15 июни 2019) Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ иштирок намуд.