Муносибатҳои Тоҷикистон бо Сурия

01.03.2013 10:10

Ҷумҳурии Арабии Сурия истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 21 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва 29 марти соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

Рӯзҳои 7-10 феврали соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Сурия сафари расмӣ анҷом дод, ки ба раванди робитаҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Зимни ин сафар 8 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Сурия ба имзо расид:

1. Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди палатаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Арабии Сурия.

2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг.

3. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот.

4. Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия.  

5. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф.

6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ.

7.  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ.  

8. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм.

Рӯзҳои 18 – 20 майи соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллим барои иштирок дар Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Нигористон

Тақвим