2 сентябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валерий Евдокимов нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ тақдим намуд.
Зимни маросим табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Украина ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода шуд.
С.Имомӣ ба В.Евдокимов дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Украина муваффақият орзу намуд.