13 ва 14 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Женева ва Тсюрих ба муносибати таҷлили 31-ум солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамкорӣ бо ширкати «Микро Капитал» чорабинии тантанавӣ бахшида ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон баргузор намуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар раванди таъмини сулҳу субот ва татбиқи ҳадафҳои иқтисоди устувор сухан кард. Инчунин, ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардиданд.
Ӯ дар суханронии худ ҳамчунин зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Зимнан, дар доираи чорабиниҳо расмҳо бо инъикоси фарҳанги миллӣ ва навозиши асбобҳои мусиқии тоҷикӣ намоиш дода шуданд.