Брифинг оид ба ҳодисаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

19.09.2022 18:49

19 сентябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ брифинг оид ба ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои 14-18 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдода баргузор гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ба иштирокчиёни брифинг – намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир ба хронологияи рӯйдодҳои рӯзҳои охир ва тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи сарҳадӣ маълумоти муфассал дод.

Дар рафти брифинг ба Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ҷиҳати омода будан барои расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба Тоҷикистон ва ҳамчунин ба хонавода ва наздикони фавтидагон ва осебдидагон миннатдорӣ баён карда шуд.

Нигористон

Тақвим