19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Владимир Воронков баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва UNOCT, ба вежа амнияти минтақавӣ, вазъияти Афғонистон, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (18-19 октябри 2022, Душанбе) дар доираи “Раванди зиддитеррористии Душанбе”-ро баррасӣ карданд.