Вохӯрии сафир бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ барои Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ

22.09.2022 13:42

21 сентябри соли 2022 дар Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар Ашқобод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ барои Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) хонум Наталя Герман доир гардид.

Зимни мулоқот сафири Тоҷикистон ба Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ барои Осиёи Марказӣ дар бораи рӯйдодҳои фоҷиабори ахир ва талафоти шаҳрвандон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дод.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо UNRCCA, ва доир ба рафти омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (18-19 октябри 2022, Душанбе) дар доираи “Раванди зиддитеррористии Душанбе” баргузор мегардад, табодули андеша намуданд.

22-09-2022-11-00.jpg

 

Нигористон

Тақвим