Иштирок дар чорабинии канории сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамбастагии об ва озуқаворӣ

23.09.2022 13:49

22 сентябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии канории сатҳи баланд дар мавзӯи “Барои захираҳои об амал намоед, то дунё бо ғизо таъмин гардад: тақсимоти оқилонаи об ҷиҳати эҷод намудани амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон”, ки бо ташаббуси Шоҳигарии Нидерландия дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин нигаронии худро оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ марбут ба амнияти озуқаворӣ, таъсири чолишҳои мубрам, аз ҷумла таъсири тағйирёбии иқлим, ҳамагирии Ковид-19 ва муноқишаҳо ба амнияти озуқаворӣ изҳор намуд. Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти захираҳои обро барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ таъкид кард.

С.Муҳриддин қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳамбастагии обу озуқаворӣ аҳаммияти хоса дода, кушиш ба харҷ медиҳад, ки мавзӯи мазкур дар маркази таваҷҷуҳи платформаҳои марбутаи ҷаҳонӣ қарор гирад. Вазири корҳои хориҷии кишвар тазаккур дод, ки мизбонони Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 - Тоҷикистону Нидерландия ҷиҳати баррасии ин ҳамбастагии муҳим дар доираи Конфронси 2023 талошҳои зарурӣ анҷом медиҳанд.

23-09-2022-13-00.jpg

23-09-2022-13-01.jpg

 

Нигористон

Тақвим