23 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 46-умин Ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ дар ҳамоиши имсола, ки ба мавзӯи “Ҳалли мушкилоти ғизо, сӯзишворӣ ва бӯҳрони молиявӣ” бахшида шуда буд, доир ба чолишҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла дар мавриди барқарорсозӣ пас аз COVID-19, болоравии нархи нерӯи барқ ва ашёи хом, таъминоти логистикӣ, инчунин пешгирии офатҳои табиӣ ибрози андеша кард.
Зимни суханронӣ С. Муҳриддин аз ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид маълумот дод.