Вохӯрии вазир бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

24.09.2022 12:40

23 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини тозатаъйини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) ҷаноби Ли Ҷунхуа доир гардид.

Зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UN DESA, аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар самти пешбурди се рукни рушди устувор – иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин мусоҳибон атрофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об, эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо ва Конфронси дарпешбудаи Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ибрози андеша карданд.

Масоили амнияти минтақавӣ аз ҷумла зарурати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ҳамсоякишвар-Афғонистон низ дар меҳвари муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Нигористон

Тақвим