Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия

24.09.2022 21:52

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Никола Селакович мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сербияро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои амният, иқтисод, иҷтимоӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба таъкид карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро ба имзо расониданд.

Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ ва расмӣ/хизматӣ мебошанд, аз талаботи гирифтани раводид барои вуруд, хуруҷ, убур ва будубош дар ҳудуди давлати Тарафи дигар ба муҳлати на зиёда аз 90 (навад) рӯз дар муддати 180 (яксаду ҳаштод) рӯз аз санаи вуруди аввалин озод карда мешаванд.

Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста шуда, баъд аз  30 (сӣ) рӯзи гарифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, эътибор пайдо мекунад.

24-09-2022-21-52.jpg

 

Нигористон

Тақвим