Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кул,
Хонумон ва ҷанобон!
Иҷозат фармоед ба суханрониҳои қаблӣ ҳамроҳ шуда, табрикоти худро ба Шумо, сафир Чаба Короши, ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаи Раиси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми он баён кунам.
Ҳамзамон бо истифода аз фурсат мехоҳам ба муҳтарам Абдулло Шаҳид, Раиси собиқи Иҷлоси 76-уми МУ СММ барои роҳнамоӣ ва мудирияти муассираш дар ин даврони душвортарин ва ноором барои тамоми башарият, изҳори сипос намоям.
Хонумон ва ҷанобон!
Ҷаҳони мо замони пурташвишро аз сар мегузаронад.
Айни ҳол, мо шоҳиди дигаргуншавии низоми мавҷудаи ҷаҳонӣ гашта истодаем.
Таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар ҳолати афзоиш қарор доранд.
Ҷиҳати муҳокимаи минбаъдаи масъалаҳои болозикр, Ҳукумати Тоҷикистон, Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва шарикони он Конфронси байналмилалии сатҳи баландро зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” (18-19 октябри соли 2022, Душанбе) баргузор менамояд. Мо Шуморо барои иштирок дар ин Конфронси муҳим даъват менамоем.
Тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, мушкилоти амнияти озуқаворӣ, оқибатҳои давомдори пандемия ва ғайра ин тамоюлҳоро боз ҳам мураккабтар мекунанд.
Дар ин росто, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба абзорҳое ниёз дорад, ки ба муҳити зудтағйирёбандаи имрӯза мувофиқ мебошанд. Механизмҳое, ки даҳсолаҳо пеш таъсис ёфта буданд, ҳоло баҳри мубориза бо мушкилоти бавуҷудомада душворӣ мекашанд.
Ҷаҳон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли мушкилоти мураккабтарин ба равиши бисёрҷонибаи боз ҳам мустаҳкамтар ниёз дорад.
Аз ин рӯ, Тоҷикистон аз талошҳои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки ба ислоҳоти ҳамаҷонибаи созмон бо мақсади таҳкими иқтидори он дар вокуниши саривақтӣ ва мувофиқ ба ниёзҳои рушд ва муқовимати муассир ба таҳдидҳои муосир нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунад.
Ҳоло як фурсати таърихиест, ки метавон тағйиротҳоро ба самти барои тамоми инсоният манфиатовар равона кард.
Ҷаноби Раис,
Иҷозат диҳед, ман бо се мавзӯи иловагӣ, ки барои ҳайати Тоҷикистон хеле муҳиманд, сухани худро идома диҳам: татбиқи харитаи роҳи Рӯзномаи 2030, об ва тағйирёбии иқлим, инчунин сулҳ ва амният.
Тоҷикистон ба таври қатъӣ ӯҳдадориҳои худро барои татбиқи пурраи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)-и он тасдиқ мекунад.
Азбаски мо ҷиҳати расидан ба аксари ҲРУ бояд зиёд талош намоем, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамгироии ҲРУ ба сиёсат ва нақшаҳои миллии рушд иқдомоти ҳалкунандаро пеш гирифтааст.
Сарфи назар аз пешрафти назаррас дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳоло ҳам хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла марбут ба иқлим ва офатҳои табиӣ вуҷуд доранд, ки метавонанд суръати Тоҷикистонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 заиф ё умуман халалдор гардонанд, инчунин ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва амнияти озуқавориро зери хатар гузоранд.
Ҷаноби Раис,
Имсол ҷаҳон шоҳиди офатҳои табиии бесобиқаи марбут ба об гашт.
Новобаста аз он, ки мо ҳама якҷоя бо офатҳои марбут ба об мубориза мебарем, ҳар чи бештар дарк менамоем, ки об неъмати ҳаётан муҳимест, ки бояд ба қадраш бирасем, ҳифз намоем ва мудирияти онро самаранок ба роҳ монем.
Мо ба амалҳое ниёз дорем, ки метавонанд вазъиятро ба таври воқеӣ тағйир диҳанд.
Рӯзҳои 6-9 июни соли 2022 Тоҷикистон Конфронси дуюми Душанберо, ки як ҷаласаи асосии тадорукотӣ барои баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об дар соли 2023 ба ҳисоб мерафт, бомуваффақият баргузор намуд.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, рӯзҳои 22-24 марти соли 2023 Созмони Милали Муттаҳид, пас аз 46 сол, конфронси дуюми обро даъват мекунад.
Конфронси обии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 барои ҳамаи мо як фурсати хубе хоҳад буд, то пешрафтҳои бадастоварда ва камбудиву монеаҳоеро, ки дар амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи об пеши роҳ омадаанд, баррасӣ ва арзёбӣ кунем.
Тоҷикистон ва Нидерланд, ки дар омодагӣ ба ин рӯйдоди муҳимми ҷаҳонӣ роҳбарӣ мекунанд, дар сатҳи баланд омодагӣ дида истодаанд ва азм доранд, то Конфронсро ба як лаҳзаи сарнавиштсоз барои тамоми ҷаҳониёе табдил диҳанд.
Ба ин манзур, мо Рӯзномаи Амал барои обро ҳамчун яке аз унсурҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 роҳандозӣ кардем. Мо интизор ҳастем ва ҳамаро ташвиқ мекунем, ки барои ғанӣ гардонидани Рӯзномаи Амал барои об, ба Конфронс бо ӯҳдадориҳои нав ворид шаванд.
Ин на танҳо барои имрӯзи мо, балки барои фарзандони мо, насли ояндаи мо муҳим ва зарур аст!
Муҳтарам Раис,
Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об мавзӯи муҳимми дигарест, ки талошҳои муштараки моро тақозо менамояд. Дар баробари зиёдшавии селу обхезӣ, камобию хушксолӣ ва тағйири гардиши гидрологӣ, имрӯз обшавии босуръати пиряхҳо - манбаи асосии оби тоза дар сайёра боиси нигаронии зиёд гардидааст.
Ба ин хотир, Тоҷикистон бархӯрди ҳамгироишударо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Эътилоф оид ба об ва иқлим”, фаъолона пеш мебарад. Дар ҷаласаи нахустини Эътилоф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад. Айни замон пешнависи қатъномаи марбута ба мақсади пешбарии ин ташаббус тариқи кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоли коркард қарор дорад. Мо хоҳони мушорикати созанда ва ҷонибдории Шумо дар хусуси ин қатъномаи муҳим ҳастем.
Ҷаноби Раис,
Вокуниш ба таҳдиди рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд фарогир бошад ва СММ ҳамоҳангсози калидии ин раванд ба ҳисоб равад.
Тоҷикистон дар навбати худ дар ин самт як қатор тадбирҳоро амалӣ кардааст. Мо, аз ҷумла, “Стратегияи миллии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегия“-ро қабул карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор намудем.
Тоҷикистон ҷиддан муътақид бар он аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре барои дарёфти роҳҳои ҳалл барои таъмини сулҳу амният дошта бошанд ва саҳмашон дар ин самт гузошта шавад.
Ҳамин тавр, пас аз ҳиссагузориҳои бисёрсола дар чандҷанбагароӣ (мултилатерализм) тариқи мушорикати фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқ дар бораи Афғонистон, вақти он расидааст, ки Тоҷикистон бори нахуст барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал барои солҳои 2028 - 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.
Мо бесаброна мунтазири ҳамкории зич бо ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳастем, то эътимод ва дастгирии заруриро барои ин корзори басо муҳим ба даст орем.
Ҷаноби Раис,
Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯст, ки ҷанги таҳмилии харобиовари шаҳрвандиро паси сар кардааст, арзиш ва оқибатҳои тӯлонимуддати онро ба хубӣ дарк мекунад.
Бинобар ин, мо наметавонем нисбат ба сарнавишти ҳамсояҳои наздики худ – мардуми шарифи Афғонистон, ки тӯли 40 соли охир ба қадри кофӣ азобу уқубат кашида, ҳоло сазовори сулҳу оромӣ ҳастанд, бетавофут бошем.Онхо сазовори сулху осоиш мебошанд.
Расо як сол муқаддам дар худи ҳамин толор паёми маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гардида буд ки беш аз нисф зиёди изҳороти Ӯ ба вазъи Афғонистон бахшида шуда буд.
Мутаассифона, нигаронӣ ва ба ҳушдорҳои Ӯ эътибор надоданд.
Як сол пас аз суқути Афғонистон:
- Сарфи назар аз даъвату муроҷиатҳои батакрори мардуми афғон, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати ҳамашумул барои танаввуи бештари қавмӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ дар де-факто сохторҳои маъмурӣ, то ҳол ташкил нашудааст;
- Кишвар дар остонаи фалокати башарӣ ва иқтисодӣ қарор дорад. Тоҷикистон ба мақсади коҳиши ранҷу машаққати мардуми афғон дар ин даврони мушкил инфрасохтор, қаламрав ва воситаҳои иртиботии худро барои мустақиман расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон дар ихтиёри тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва кишварҳои мададрасон қарор додааст. Ҳамчунин аз замони ба сари қудрат омадани Толибон то имрӯз, мо ҳаргиз аз таъмини нерӯи барқи мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон даст накашидем;
- Фазои таҳдид ва коҳиши эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон ва духтарон, ҳукумфармост;
-Ихтилофи назарҳо ва зиддиятҳои дохилии мавҷуда дар байни Толибон ва зуҳури гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи изофӣ, аз ҷумла ДОИШ-Хуросон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, вазъи амниятии кишварро боз ҳам ҳассостар мегардонад.
- Гузашта аз ин, ноуҳдабароии Толибон дар мавриди назорати ҷангҷӯёни худ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки Толибон бо онҳо робитаи наздик доранд, вазъи бе ин ҳам мураккабро боз ҳам печидатар кардааст. Бозёфт ва қатли яке аз фармондеҳони аршади Ал-Қоида, ки дар Кобул сурат гирифт, далели равшан бар ин робитаҳост;
- Афғонистон босуръаӣ ба паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ ва майдони амалиёти ҳарбӣ барои густариши ифротгароии тундгарои Толибон табдил ёфта истодааст. Илова бар ин, мо шоҳиди корҳои муназзам оид ба интиқоли гурӯҳҳои ҷангҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони собиқи Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон ҳастем, ки ба таҳким ва эҷоди як маркази нави ташаннуҷ дар наздикии сарҳадии мо нигаронида шудааст.
Мутаассифона, барои Тоҷикистон, ки бо ин кишвар дар масофаи 1400 километр ҳаммарз аст, пайомадҳо хело зиёд ҳастанд.
Дар шароити кунунии нигаронкунанда барои Тоҷикистон муҳим аст, ки марзи худ бо Афғонистонро тақвият бахшида, инфрасохтори зарурии сарҳадро дар саросари он бунёд кунад. Дар баробари ин, мо чунин мешуморем, ки иштироки Афғонистон дар раванди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ гарави муваффақияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Муҳтарам ҷаноби Раис,
20 сентябр роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми суханронӣ аз ин минбари баланд низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба таври худ ироа кард.
Боиси таассуф аст, ки масъалаҳои ҳаллуфасли хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз таърих мерос мондааст, беасос ба Маҷмаи Умумии СММ кашида шуданд.
Зарур медонам иттилоъ диҳам, ки ҳанӯз 19 сентябри соли 2022 намояндагони ваколатдори ду ҷониб Протокол оид ба ҳалли вазъ дар сарҳад имзо намуда буданд. Ҳамаи амалҳои ҷангӣ хотима ёфта буданд.
Қӯшунҳо ва техникаи ҳарбии ҳарду ҷониб бояд ба ҷойҳои ҷойгиршавии доимии худ бароварда шаванд. Дар минтақаи сарҳадӣ тафтиши муштарак ташкил карда шуд. Ба мақсади роҳандозии назорати рафти татбиқи созишҳои бадастомада комиссияи муштарак таъсис дода шудааст. Аз ҳама муҳим – ҳар ду тараф азми худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои дуҷониба танҳо ва танҳо бо истифода аз усулҳои дипломатӣ-сиёсӣ тасдиқ намуданд. Тоҷикистон пойбанд буд ва дар сурати ба вуҷуд омадани дилхоҳ масъалаҳо, аз ҷумла ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ, ба ин усул ҳамеша пойбанд хоҳад монд.
Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо нишон додани диди дурӯғини дур бурдани қӯшунҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ аз хатти сарҳад ва пинҳон намудани онҳо дар макони наздисарҳадии сукунати одамон аз созишҳои ҳосилшуда канор меравад. Аз ин лиҳоз, масъулияти сар задани дилхоҳ таниши навбатӣ дар хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пурра бар зиммаи Қирғизистон хоҳад буд.
Роҳбарияти кишвари ҳамсоя дар суханрониаш дар бораи фавти шаҳрвандони худ ва хисороти моддӣ ёддовар шуда, таассуроти бардурӯғеро ба вуҷуд овард, ки гӯё, ки ин мусибат дар сарҳад танҳо онҳоро дарёфт. Далелҳо дар бораи дигар чиз мегуянд. Бар асари таҷовузи низомии Қирғизистон беш аз чиҳил ғайринизомии Тоҷикистон кушта ва ҳудуди дусад нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар миёни онҳо занони ҳомила, кӯдакон, пиронсолон, табибон ва ҳамчунин мусулмонони диндор, ширкаткунандагони маросими азодорӣ дар масҷид низ ҳастанд.
Ба ҷуз иншооти наздисарҳадӣ, мактабҳо, бемористонҳо, муассисаҳои ҷамъиятии фарҳангӣ, биноҳои истиқоматӣ, инфрасохтор ва иншооти коммуналӣ хароб шудаанд. Пас пархошкор (агрессор) кист?
Айни ҳол Тоҷикистон барои барқарор кардани хонаҳои харобшуда ва инфрасохтори ҳаётан муҳим захираҳои зиёд сарф карда истодааст.
Фоҷиае, ки дар минтақаи сарҳадӣ рух дод, тасодуфӣ нест. Ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта ҳамсояҳои мо ба пархошкорӣ (агрессия) омодагӣ гирифтанд, ки ин дар бунёди инфрасохтори ҳарбӣ дар наздикии марзҳои мо зоҳир шуд.
Солҳои охир ҳамсояҳои мо, аз ҷумла, аз ин минбари баланд дар бораи аҳамияти шоҳроҳи байналмилалии нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақл ҳарф мезананд ва ҳамзамон ҷонибдори “рафъи саддҳо (монеаҳо) дар роҳи ҳамкории иқтисодӣ, соддакунии тартиботи гузариши сарҳадҳо ва убур байни кишварҳо ва минтақаҳо” мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон аксар вақт барои интиқоли борҳо ба ва ё аз Тоҷикистон мушкилот эҷод карда, гузариши воситаҳои нақлиётии ҷониби моро бо ҳазорон тонна молҳо ба таъхир мегузорад.
Ҷаноби Раис,
Бояд қайд кард, ки мо тавонистем масъалаҳои сарҳадиро бо Чин ва Ӯзбекистон бомуваффақият ҳаллуфасл намоем ва ин дастоварди раванди тӯлонӣ барои ҳамаи ҷонибҳост.
Мо таҷрибаи зиёдеро касб намудем, ки онро дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси эҳтироми ҳамдигар, эътимод ва ошкорбаёнӣ пурра истифода бурдан муҳим аст.
Дар тӯли бист соли музокирот бо Қирғизистон мо даҳҳо протокол ба имзо расонидаем Аммо, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо муқаррароте, ки ба ба нафъи он тараф мебошад амалӣ мекунанд ва муқаррароти дигарро нодида мегиранд.
Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд, то 602 км-и сарҳадро ҳамоҳанг намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода намоянд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон, бо такя ба таҷрибаи байналмилалии муайянсозии сарҳадҳо, борҳо ба ҳамсояҳо пешниҳод намуд, то натиҷаҳои кори бисёрсоларо дар ин самт тавассути имзои шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳад аз лиҳози юридикӣ сабт намояд. Аммо ҳамсояҳои мо ин пешниҳодро қатъиян қабул надоранд.
Роҳбарияти Қирғизистон аз ин минбари баланд ба Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Эъломияи Алмато ишора намуда, онҳоро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати муайянсозии сарҳади давлатӣ маънидод кард.
Аммо бояд таъкид намоям, ки масъалаи муайян кардани хатти сарҳадиро ин ҳуҷҷатҳо танзим намекунад. Бо таассуфи амиқи мо, Қирғизистон бо такя ба равишҳоии якҷонибаи худ аз солҳои 50-ум инҷониб беш аз ду ҳазору яксаду даҳ (2110) километри мураббаъро, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад худсарона забт кардааст. Ҳамсояҳои мо низ дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Мехоҳам ба Маҷмаи Умумӣ иттилоъ диҳам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати тавсифи хатти сарҳади давлатӣ аз руи ҳуҷҷатҳои муайянкунии миллӣ-ҳудудии солҳои 1924—1927 ба созиш расидаанд.
Маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд. Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани иродаи нек ва фасеҳии барзиёд мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки маводди комиссияи паритетии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кардааст, истифода намоем.
Масъалаҳои сарҳадӣ бо изҳороти популистӣ ва эҷоди ҳолатҳои буҳронӣ ҳал намешаванд. Кори ҳаррӯзаи муштарак ва ботафаккури ба ҳусни нияти тарафҳо асосёфта лозим аст.
Мо омодаем, ки музокиротро идома диҳем ва муътақидем, ки мардумони тоҷику қирғиз ҳақ доранд ҳамроҳ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ ва бунёд кунанд.
Тоҷикистон, ки ваҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидааст, қадри сулҳро медонад ва ҳамаи талошҳои худро ба он равона мекунад, ки дар минтақаи мо суботу амният ҳукмфармо бошад.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!