Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

15.10.2015 19:34

15 октябри соли 2015 дар ш. Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ лоиҳаи изҳоротҳои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дар бораи 70-солагии таъсисёбии Созмони Миллали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкориҳои низомӣ дар минтақа, аз ҷумла оид ба татбиқи лоиҳаи Консепсияи ҳамкориҳои низомии давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2020 ва  рушду ташаккули муассисаи заминавии таълимии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди расмикунонии маблағҳои тавассути ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм қобили қабул дониста шуд.

Инчунин масъалаҳои соҳаи гуманитарӣ, аз ҷумла лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ то давраи соли 2020 низ тасдиқ шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим