Маросими супоридани эътимодномаҳои сафирони давлатҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.07.2020 17:00

Сафири навтаъйиншударо дар фурудгоҳи ш. Душанбе муовини Сардори Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳолати набудани роҳбарияти Раёсати ташрифоти давлатӣ, инчунин дар ҳолати ташрифи сафир дар рӯзҳои истироҳатӣ/ид, сафирро корманди масъули Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешвоз мегирад.

Рӯзи баргузории маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири навтаъйиншудаи давлати хориҷӣ (бо ҳамсараш) ҳамроҳ бо корманди масъули Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ дар автомашинаи махсус ҷудошуда ба Вазорати корҳои хориҷӣ меояд.

Рӯзи маросими супоридани эътимодномаҳо ҷониби Тоҷикистон ба сафири давлати хориҷии муқими шаҳри Душанбе барои ҳаракат аз қароргоҳ то макони маросими супоридани эътимодномаҳо ва бозгашт, инчунин ба сафири ғайримуқим барои ҳаракат аз фурудгоҳ то қароргоҳ (меҳмонхона) ва бозгашт, аз қароргоҳ то Вазорати корҳои хориҷӣ ва бозгашт (барои супоридани нусхаи эътимодномаҳо), аз қароргоҳ то макони маросими супоридани эътимодномаҳо ва бозгашт воситаи нақлиёт ҷудо менамояд.

Қатора (кортеҷ)-и автомашинаҳои сафирон аз рӯи тартиби санаи судури ризоият (агреман)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъйин ба мақоми сафир саф мекашад.

Қатораи автомашинаҳои сафирон бо роҳбаладии автомашинаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба самти Қасри миллат раҳсипор мешавад.

Дар даромадгоҳи марказии Қасри миллат роҳрав қолинпӯш карда мешавад, сарбозони қаровули фахрии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду канори он саф мекашанд.

Ҳар як сафири давлати хориҷиро дар назди даромадгоҳи марказии Қасри миллат сардор (муовини сардор)-и хадамоти ташрифоти Президент истиқбол мегирад. Командири қаровули фахрӣ ҳар як сафирро хайрамақдам гуфта, гузориш медиҳад. Намояндаи хадамоти ташрифоти Президент аз тариқи зинапояҳои асосӣ ҳар як сафирро (бо ҳамсар) ба дохили бино даъват намуда, то толори интизорӣ ҳамроҳӣ мекунад.

Ҳайати ҳамроҳикунандаи сафирон тавассути даромадгоҳи паҳлуӣ (канорӣ) ба Қасри миллат дохил шуда, ба толори маросим ворид мегарданд.

Намояндаи хадамоти ташрифоти Президент 10 дақиқа қабл аз оғози маросим сафиронро (бо ҳамсаронашон) барои ишғоли ҷойҳои муқарраргардидаи худ ба толори маросим даъват менамояд.

Дар вақти муайяншуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардида, барои оғози маросим ҷойи махсуси муқарраргардидаро ишғол менамоянд. Дар толор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Дар маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ (аз тарафи рост) ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ (аз тарафи чап) иштирок мекунанд.

Номи пурра ва мақоми сафири супорандаи эътимоднома бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ эълон карда мешавад. Сипас сафир ба назди Президент омада, дар ҷойи муқарраргардида дар фосилаи 2 метр дар рӯ ба рӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад. Сафир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъзими андак эҳтиромро ба ҷо оварда, паёми мухтасарро қироат мекунад. Тарҷума ба забони англисӣ таъмин карда мешавад.

Сафири давлати хориҷӣ эътимодномаҳои худ ва номаи бозхонди сафири собиқро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, бо роҳбари давлат дастфишорӣ мекунад ва барои гирифтани акси хотиравӣ аз тарафи дасти рости Президент ҷой мегирад. Пас аз анҷоми аксгирӣ сафир бозгашта, ҷойи худро дар саф ишғол мекунад.

Пас аз супоридани эътимодномаҳо аз ҷониби сафирон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ менамоянд. Тарҷума ба забони англисӣ таъмин карда мешавад.

Бо хотима ёфтани суханронӣ сафирон (бо ҳамсар) барои гирифтани акси гурӯҳӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд. Дар аксгирии гурӯҳӣ сафирон аз рӯи навбати супоридани эътимодномаҳо бо дар назар доштани адади тоқ аз тарафи дасти рост ва адади ҷуфт аз тарафи дасти чапи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари сафир дар канори сафир ҷой мегиранд.

Пас аз аксгирии гурӯҳӣ ба ширкаткунандагони маросим нӯшобаҳо пешкаш шуда метавонанд ва суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирон сурат мегирад.

Пас аз анҷоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон толорро тарк менамоянд ва сафирон барои изҳороти матбуотии кӯтоҳ ба назди намояндагони васоити ахбори омма даъват мешаванд.

Тартиби гусел мисли маросими истиқбол дар Қасри миллат сурат мегирад.

Тақдими туҳфаи хотиравӣ аз номи сафир ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хадамоти ташрифоти Президент танзим мешавад.

Сафири давлати хориҷӣ аз лаҳзаи супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда эътироф гардида, расман ба иҷрои вазифа шурӯъ менамояд.

Маросими супоридани эътимодномаҳои сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Нигористон

Тақвим