Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми Берлин оид ба иқлим ва амният

13.10.2022 09:50

11-12 октябри соли 2022 бо ибтикори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Конфронси 4-уми Берлин оид ба иқлим ва амният (BCSC-2022) баргузор гардид. Кишварро дар ин ҳамоиш сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов муаррифӣ намуд.

Дар маросими ифтитоҳ Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Анналена Бербок ва як қатор мансабдорони воломақоми кишварҳои хориҷӣ суханронӣ карданд.

Ҳангоми ду ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи “Устувории минтақавӣ: намунаҳои амалиётҳои амниятӣ дар соҳаи иқлим дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ” ва “Ба сӯи Осиёи Марказии сабз: сиёсати хориҷии боздоранда ва устувор дар самти иқлим” роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда ва тарҳрезии лоиҳаҳои нав байни кишварҳои минтақа ва Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯриҳои алоҳидаи сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон ба ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023), эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳаммияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо ҷалб гардид.

Дар кори конфронс вазирони корҳои хориҷӣ, котибони давлатии вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои мухталиф, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамчунин тарафҳои манфиатдор аз ниҳодҳои ҳифзи муҳити зист, об ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ иштирок намуданд.

Нигористон

Тақвим