20 октябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода котиби иҷроияи Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ Игор Руновро, ки ҷиҳати иштирок дар маросими оғози лоиҳаи таҷрибавии “Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масоили васеи ҳамкории минтақавии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ гардид.
Шараф Шерализода аз шурӯъ кардани татбиқи лоиҳаи зикршуда, ки ба афзоиши ҳамлу нақли мултимодалӣ тариқи шоҳроҳҳои Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад, изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии алоқаманд дар самти мазкур таъкид кард.