Ҷаласаи тадорукотии сатҳи баланд барои Конфроси оби СММ 2023

27.10.2022 16:49

25 октябри соли 2022 Ҷаласаи тадорукотии сатҳи баланди Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои Конфронси оби СММ 2023 доир гардид, ки дар он бо иттифоқи оро мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси 2023 тасдиқ гардиданд.

Чорабинии мазкурро Раиси МУ СММ Чаба Корошӣ ифтитоҳ намуда, дар он суханронии видеоии роҳбарони кишварҳои мизбонони Конфронс, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Подшоҳии Нидерлад Марк Рютте шунида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш аз аҳаммияти маъракаи зикршуда дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023 таъкид карда, саҳми онро барои муваффақияти Конфронс ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 баланд арзёбӣ намуданд. Инчунин Роҳбари кишвар зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронс якҷо бо Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва механизми “Созмони Милали Муттаҳид-Об” пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ҳамоиши таърихӣ барои ҷаҳониён “лаҳзаи таҳаввулоти куллӣ дар соҳаи об” гардад. Дар ин робита, Пешвои миллат нақши калидии Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи обро дар раванди омодагӣ ба Конфронси 2023 махсус қайд намуданд. Дар фарҷоми суханронӣ, Ҷаноби Олӣ миннатдории худро ба ҳамаи ҷонибҳо барои иштироки фаъол дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 иброз намуданд.

Инчунин, дар ин нишаст Муовини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад, Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Дабири кулли Конфронси оби соли 2023 Ли Ҷинхуа ва роҳбари ниҳоди “Созмони Милали Муттаҳид-Об” Гилберт Ҳонгбо баромад карданд.

Дар рафти чорабинии зикршуда намояндагони кишварҳои узви СММ ва ҷонибҳои манфиатдор бархӯрди Тоҷикистону Нидерландро дар раванди Конфронси 2023 баланд арзёбӣ намуда, пешниҳодҳои мизбонони Конфронсро дар робита ба мавзӯъҳои муколамаҳоии интерактивии Конфронс дастгирӣ намуданд. 

Нигористон

Тақвим