Мулоқоти сафир бо вазири навтаъйини корҳои хориҷии Кувайт

28.10.2022 10:11

26 октябри соли 2022 мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири навтаъйини корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Солим Абдуллоҳ ал-Ҷобир ас-Сабоҳ доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

28.10.2022.10.14.jpg

 

Нигористон

Тақвим