28-уми октябри соли 2022 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҶДММ “Golden Screen Cinemas” дар шаҳри Куала-Лумпур Фестивали синамои Тоҷикистон дар Малайзия бахшида ба 30 – умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ зимни суханронии худ оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия маъруза намуда, таъкид кард, ки ин аввалин Фестивали синамои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли суханронӣ намуд.
Дар баробари ин дар чорабинӣ асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои ҷойҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.