Мулоқоти намояндаи доимии кишвар бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ

11.11.2022 05:58

9 ноябри соли 2022 вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо”-ро, ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

11,11,2022,11,10.jpg

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим