12 ноябри соли 2022 дар шаҳри Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия, 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанивиро бо ҳузури тоҷикистониёни муқими Олмон баргузор намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронӣ ҳозиринро бо ин ҷашнҳои фархунда табрику таҳният гуфта, вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ ва инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъкид намуд.
Инчунин, дар чорабинӣ филми мустанад оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.