14 ноябри 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” дар чаҳорчӯби Кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон (ODA) баргузор гардид.