Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Норвегия соли 29 июни 1992 барқарор гардидаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Норвегия Қаландар Идибек (13 феврали 2020 супоридани эътимоднома) бо қароргоҳ дар Вена мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Осло) Ҷон Микал Квистад мебошад.
Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо) Дар марҳалаи нахустини робитаҳои Тоҷикистону Норвегия баъд аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ, як қатор мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, аз ҷумла байни роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баргузор гардидаанд, ки дар рафти онҳо самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвар баррасӣ ва мушаххас шудаанд.
Вазирони корҳои хориҷии Норвегия ду маротиба ба Тоҷикистон сафар намудаанд - соли 1999 ҳангоми раисии Норвегия дар САҲА ва соли 2004.
Дар чаҳорчӯби чорабиниҳои байналмилалӣ миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Норвегия мунтазам вохӯриҳо баргузор мешаванд.
Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд. Ҳайати норвегии Ассамблеяи Парламентии САҲА соли 2012 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Норвегия дар соли 2024 – 74,600 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии байнидавлатӣ дар марҳалаи барқароршавӣ қарор дорад.
Ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ доранд.
Ҳамкориҳои башардӯстона. Аз оғози истиқлолияти Тоҷикистон, Ҳукумати Норвегия ба Тоҷикистон ёрии гуманитарӣ ва техникиро расонидааст. Бояд қайд кард, ки Подшоҳии Норвегия дар доираи Барномаҳои САҲА бо мақсади нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ва лавозимоти муқаррарии ҷангӣ ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ намудааст.
6 августи соли 2010 “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти “Кӯмаки мардуми Норвегия” (Norwegian People's Aid Tajikistan) дар бораи ҳамкории гуманитарӣ дар соҳаи безараргардонии минаҳо баста шудааст. Дар асоси ин созишнома соли 2010 ҷониби Норвегия бо мақсади тозакунии майдонҳои минаи Тоҷикистон 7 млн. крон (1,06 млн. $) ҷудо кард.
25 феврали соли 2018 дар ноҳияи Рашт дар доираи тарҳи “Бехатариии энергетикӣ дар водии Рашт” бо мусоидати Ҳукумати кишвар, САҲА ва пуштибони молиявии Норвегия як қатор иншооти соҳаи барқ мавриди истифода қарор гирифтанд.
11.03.2025