Тоҷикистон ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай

04.07.2019 10:10

Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.

Соли 2000 дар Душанбе зимни нишасти охирони сарони “Панҷгонаи Шанхай” табдил додани он ба як сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои гуногун пешниҳод гардид. Дар зимн, он пешниҳод дар Эъломияи Душанбе аз 4 июли соли 2000 дарҷ гардид.

Маҳз ҳамин тасмими сарони давлатҳо асос буд, ки як сол пас, 15 июни соли 2001 дар нишасти навбатӣ дар шаҳри Шанхай Изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” ва Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Айни замон СҲШ ба яке аз сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ва модели нави ҳамкории самарабахши минтақавӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз СҲШ фазои бузургро фаро гирифта, масоҳати умумии он зиёда аз 65%-и ҳудуди сайёраро ишғол намуда, аҳолиаш зиёда аз 3,5 миллиардро (қариб 50% аҳолии кураи замин) ташкил медиҳад, ки на танҳо бо шакли нави ҳамкориҳо аз нигоҳи сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва гуногунии фарҳангӣ балки ҳамчунин бо «рӯҳияи Шанхай», ки дар Оинномаи СҲШ инъикос ёфтааст ва ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ҳамаи соҳаҳо пайваст ҳастанд.

Сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тартиб додани мақоми давлати аъзои СҲШ ба тасвиб расид, ки имкони пайвастани давлатҳои дигар ба ин Созмонро фароҳам овард.

Дар ин замина, дар нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш.Остона июни соли 2017 Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон ба сифати давлатҳои узви комилҳуқуқ пайвастанд.

Дар нишасти ҷашнии Сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш.Душанбе қарор дар бораи шурӯъ намудани тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баланд бардоштани мақоми он кишвар ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ қабул карда шуд.

Ҳамин тавр, дар саммити соли 2023 Ҷумҳурии Исломии Эрон ва саммити соли 2024 Ҷумҳурии Беларус аъзои комилҳуқуқи СҲШ шуданд.

Айни замон Созмон аз 10 давлати аъзо - Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 давлати нозир - Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ – Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Арабии Миср, Шоҳигарии Камбоҷа, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка иборат мебошад.

Ҳадафҳои асосии СҲШ ин рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки давлатҳои узв, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа маҳсуб меёбанд.

Дар Созмон 35 мақомоти оинномавии СҲШ ва беш аз 46 механизми ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таъсис ва фаъолият доранд.

Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (СМЗТ) мақомоти доимамалкунандаи СҲШ мебошанд, ки моҳи январи соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Котиботи СҲШ дар ш.Пекин ва Кумитаи Иҷроияи СМЗТ СҲШ дар ш.Тошканд ҷойгир мебошанд.

Забонҳои расмии СҲШ чинӣ ва русӣ мебошанд.

Яке аз самтҳои асосии СҲШ мубориза бо терроризм, сепаратизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳурот мебошад. Дар ин самт СМЗТ СҲШ бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ва мақсаднок таъсис дода шудааст. Дар доираи СҲШ машқҳои муштараки зиддитеррористӣ ва низомӣ баргузор карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки чунин машқҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузаронида шудаанд. 17-19 апрели соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои “Норак - зиддитеррор” доир гардид.

Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбӣ таҳти унвони «Мирная миссия - 2012» баргузор шуд. 8 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон»-и вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои узви СҲШ машқҳои муштараки ҳарбӣ таҳти унвони «Мирная миссия - 2012» баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокдори фаъоли СҲШ мебошад, солҳои 2008, 2014 ва 2021 дар Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ ва солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ раёсатро ба ӯҳда дошт.

Тоҷикистон ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин Созмон авлавият дода, талошҳоро барои таҳкими ҳамсоягии нек, дӯстӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии СҲШ бар асоси усулҳои муттасилӣ, баробарӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳои аъзо, инчунин санадҳои бунёдии Созмон равона месозад.

Нишасти Душанбе дар соли 2021 дар таърихи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба як марҳилаи муҳим табдил ёфта, муҳтавои рӯзномаи онро ба таври қобили мулоҳиза ғанӣ сохт.

Саммити ҷашнӣ бо муваффақият анҷом ёфтани раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021-ро бо бастаи ҳуҷҷатҳои имзошуда, ки шумораи онҳо бори аввал дар таърихи СҲШ ба 30 адад расида буд, тасдиқ кард.

Дар давраи раёсати Тоҷикистон зери шиори “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” ҳудуди сад чорабинии муштарак баргузор гардиданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи Созмон, аз ҷумла таҳкими СҲШ ва баланд бардоштани нуфузи он, тадбирҳои муассир ва самарабахш андешиданд.

Ҳуҷҷати асосие, ки дар натиҷаи нишасти ҷашнии сарони давлатҳои аъои СҲШ қабул шуд, ин Эъломияи Душанбе дар бораи бистсолагии СҲШ буд, ки дар он натиҷаи асосии фаъолияти бистсолаи СҲШ ва мавзеъгирии ягонаи кишварҳои аъзо дар масъалаҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ инъикос ёфтааст. Бешубҳа, ин санад барои Созмон ба сифати як дастури муҳим, самтҳои нави рушди СҲШ муайян намуд.

Дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон платформаҳои нави ҳамкориҳо - мулоқотҳои вазирони саноат ва энергетикаи давлатҳои аъзои СҲШ ба кор шурӯъ карданд.

Бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Ҳамчунин, дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ (солҳои 2020-2021) бо ташаббуси кишварамон Суруди СҲШ таҳия гардид, ки бори нахуст дар саммити ҷашнӣ садо дод.

4 июли соли 2023 дар саммити навбатии СҲШ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисодии Созмон то соли 2030 ва як сол пас дар саммити Остона Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи он қабул шуд. Ҳуҷҷати мазкур фарогири тамоми соҳаҳои иқтисодӣ бо тамаркуз ба «рушди сабз» мебошад. Оғози татбиқи он ба ҳамкориҳои воқеии амалӣ бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаи СҲШ такон мебахшад.

Бо мақсади тақвият додани имкониятҳои рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲШ механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи танзими зиддиинҳисорӣ ва мубориза бо рақобати беинсофона таъсис гардид, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи умумӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми минтақаи СҲШ, инчунин мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар кишварҳои узви СҲШ мусоидат хоҳад кард. Нахустин ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои зиддиинҳисорӣ моҳи майи соли 2024 дар Душанбе баргузор шуд.

4 июли соли 2024 дар саммити навбатӣ дар Остона Қарори Шурои сарони давлатҳо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе қабул шуд. Ҳадаф аз таъсиси Марказ ин тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ба вежа баланд бардоштани самаранокии амалиёти муштараки онҳо дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Тоҷикистон ба хайси яке аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли СҲШ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба ва баланд бардоштани имиҷи ин Созмон саҳми созанда мегузорад. Аз ҷумла, талошҳои кишвар ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла бо давлатҳои шарики муколама равона шудааст.

 

Нигористон

Тақвим