Боздиди ҳайати баландпояи иқтисодии Тоҷикистон аз Берлин ва иштирок дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Ҳамбург

26.11.2022 10:41

Рӯзҳои 21-25 ноябри соли 2022 ҳайати кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо мақсади анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ ва иштирок дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек боздид ба амал овард.

Давлаталӣ Саидро дар ин сафар роҳбарияти вазорату идораҳои марбутаи тоҷикистонӣ, намояндагони бонкҳои давлативу тиҷоратӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар доираи боздид дар шаҳри Берлин вохӯриҳои дуҷонибаи муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим, Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Олмон баргузор гардид.

Бо мақсади баррасии ҳолати кунунӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ мулоқоти Давлаталӣ Саид бо мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаел Ҳармс доир шуд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Берлин мизи мудаввар дар мавзӯи кандаҳои фоиданоки Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва сармоягузорӣ танзим гардида, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарфиятҳои сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои маъданҳои минераливу ғайриминералӣ ҷалб намуд. Шералӣ Кабир аз сармоягузорони олмонӣ давъат ба амал овард, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ин имкониятҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

Таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Иттиҳодияҳои бонкҳои Олмон мизи муддавар бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои байнибонкӣ танзим карда шуд. Баъд аз анҷоми ин нишаст мулоқотҳои раиси Бонки милии Тоҷикистон ва роҳбарияти бонкҳои тоҷикистонӣ бо намояндагони бонкҳои бонуфузи олмонӣ баргузор гардид.

Шоми 21 ноябри соли равон аз ҷониби кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ба ифтихори боздиди ҳайати расмии Тоҷикистон пазироии расмӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи олмонӣ доир шуд.

22 ноябри соли равон дар шаҳри бандарии Ҳамбург Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон бо иштироки беш аз 65 ширкатҳои бонуфузи олмонӣ ва аврупоӣ ва 40 нафар намояндагони бахши хусусии ватанӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон муштаракан бо Кумитаи Шарқии Иқтисоди Олмон баргузор гардида, дар ҳошияи он доираи васеи соҳибкорони тоҷикистониву олмонӣ ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ду кишвар ширкат доштанд.

Маврид ба таъкид аст, ки бандари Ҳамбург бузургтарин бандари Олмон ва аз лиҳози ҳаҷм дуюмин бандари бузурги Аврупо ба шумор рафта, он дар робитаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо нақши муҳим дорад.

Чорабинии иқтисодиро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳусни оғоз бахшид.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гидроэнергетикӣ, логистикӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварро рӯнамоӣ кард. Аз ҷумла, ба соҳибкорон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳо, чораҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, инчунин афзалиятҳо ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, маълумоти зарурӣ дода шуд.

Дар поёни форуми тиҷоратӣ ҷониби тоҷикистонӣ бо ширкатҳои олмонӣ ва аврупоӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва воридсозии технологияҳои муосир барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ қарордод ва меморандумҳо ба маблағи зиёда аз 600 миллион евро ба имзо расонид.

Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни иштироккунандагон гуфтугӯҳои дуҷониба дар сиғаи В2В сурат гирифт, ки дар он табодули афкор перомуни масъалаҳои умда, аз ҷумла оид ба ҳолати иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушд ва роҳандозии ҳамкориҳои мустақим баррасӣ шуданд.

Тарафҳо бо мақсади густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати баргузории Форуми навбатии Тоҷикистону Олмон дар нимаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистонро роҳбарияти Сенати Ҳамбург ба ҳузур пазируфт. Дар рафти суҳбат тарафҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону музофоти федеролии Ҳамбург ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Ба ифтихори ташрифи ҳайати баландпояи иқтисодии кишвар ба ин минтақа, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторовро Президенти шаҳри Любек Клаус Пушаддел ва шаҳрдори он Ян Линденау ба ҳузур пазируфтанд.

Дар идомаи сафар ҳайат аз корхонаҳои бузургатирини истеҳсолии Baader Group (истеҳсолкунандаи ҷаҳонии таҷҳизоти инноватсионӣ барои саноати хӯрокворӣ) ва Dräger (технологияҳои тиббӣ ва бехатарӣ), ки дар шаҳри Любеки музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн воқеанд, дидан карданд.

Нигористон

Тақвим