Вазири корҳои хориҷӣ сафири ИМА-ро ба муносибати анҷоми маъмурияташ ба ҳузур пазируфт

28.11.2022 14:40

28 ноябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба М.Поммершайм барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуд.

28.11.2022.14.55.jpg

 

Нигористон

Тақвим