Яке аз барномаҳои машҳури ЮНЕСКО таҷлили ҷашнвораҳои кишварҳои узви ин Созмони бонуфуз ба ҳисоб меравад. Тибқи муқаррароти ЮНЕСКО кишварҳои узви ин созмон метавонанд ҷашнвораҳои кишвари худро барои ворид кардани онҳо ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Баъд аз омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи ҷашнвораҳо, Конференсияи генералии ЮНЕСКО қарорро дар бораи ворид кардани ин ҷашнвораҳо ба феҳристи ЮНЕСКО қабул менамояд.
Боиси хушнудист, ки тибқи қатъномаи Иҷлоси 38-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба ҷашнгирии 1250 солагии олими тоҷик Ҳаким Тирмизӣ, 100 - солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ва пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон вобаста ба 1150 солагии Закариёи Розӣ ба феҳрасти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2016-2017 ворид гардиданд.
Аз рӯи муқаррарот, ЮНЕСКО дар таҷлили ҷашнвораҳои ба феҳристи ин Созмон ворид гардида, фаъолона ширкат меварзад.