Брифинг оид ба Конфронси оби СММ

02.12.2022 19:51

2 декабри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ Брифинг бахшида ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об баргузор гардид.

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад. Дар давраи ду даҳсолаи охир бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии СММ 8 қатъномаи марбут ба обро қабул намудааст, ки ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти об мусоидат намудаанд.

Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода дар брифинг иқдомҳои анҷомдодаи кишварҳои ҳамраисро дар мавриди корҳои тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ, тасдиқи панҷ мавзӯи муколамаҳои интерактивии Конфронс дар ҷаласаи тадорукотии сатҳи баланди Раиси иҷлоси 77-уми МУСММ (25 октябри соли 2022), тартиби интихоби кишварҳои ҳамраиси панелҳои Конфронс аз миёни кишварҳои дар ҳоли рушд ва таррақикарда, музокироти васеи гурӯҳҳои корӣ барои ташкили чор чорабинии махсуси канорӣ, фарҳангӣ, нишасту намоишгоҳҳо ва марафон муаррифӣ намуд.

Дар брифинг роҳбарони намояндагии дипломатӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нигористон

Тақвим