21 декабри соли 2022 мулоқоти cафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Д.Гулмаҳмадзода бо вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид.
Дар мулоқот аҳаммияти муносибатҳои байнипарламентӣ, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, қайд гардид. Инчунин доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.