23 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Фумио Кишида ширкат намуд.
Дар рафти мулоқот атрофи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва инчунин аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон” табодули афкор гардид.