4 январи соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Муҳаммад бин Ризо доир гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ ва доираҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.